Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳастаӣ ва ҳуқуқи башар баҳона аст, Омрико аз тавоноиҳои Ҷумҳурии Исломӣ нороҳат аст” // “Ба кӯрии душман, Эронро ба авҷи тараққӣ ва ифтихор хоҳем расонд” // “Бинои Ҷумҳурии Исломӣ бар ду пояи дин ва дониш устувор аст”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар бузургдошти 40-умин рӯзи шаҳодати шаҳидони ҷанги 12-рӯза, иллати аслии мухолифати истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он Омрикои ҷинояткор бо Ҷумҳурии Исломиро дин ва дониш ва иттиҳоди эрониён зери сояи Қуръон ва ислом донист.Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим дар суханоне, ин ҷангро мӯҷиби бурузи ирода ва қудрати Ҷумҳурии Исломӣ ва ба рух кашидани …
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар бузургдошти 40-умин рӯзи шаҳодати шаҳидони ҷанги 12-рӯза, иллати аслии мухолифати истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он Омрикои ҷинояткор бо Ҷумҳурии Исломиро дин ва дониш ва иттиҳоди эрониён зери сояи Қуръон ва ислом донист.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим дар суханоне, ин ҷангро мӯҷиби бурузи ирода ва қудрати Ҷумҳурии Исломӣ ва ба рух кашидани истеҳкоми беназири пояҳои он хонд ва бо таъкид бар ин ки иллати аслии душманиҳо, мухолифати бадхоҳон бо имон, дониш ва иттиҳоди миллати Эрон аст, гуфт: “Миллати мо ба тавфиқи илоҳӣ роҳи тақвияти имон ва густариши донишҳои гуногунро раҳо нахоҳад кард ва ба кӯрии душман хоҳем тавонист, Эронро ба авҷи тараққӣ ва ифтихор бирасонем.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таслият ба бозмондагони сардорони низомӣ, донишмандон ва мардуми азизе, ки дар ҷанги ахир ба шаҳодат расиданд, хотирнишон кард: “Миллати Эрон илова бар ифтихороти бузурге, ки дар ин 12 рӯз касб кард ва имрӯз ҳамаи дунё ба он эътироф мекунанд, тавонист қудрат, истиқомат, азм ва ирода ва дасти пури худро ба дунё нишон диҳад, ба тавре, ки ҳама қудрати Ҷумҳурии Исломиро аз наздик эҳсос карданд.”
Вай, табалвури истеҳкоми беназири пояҳои Ҷумҳурии Исломиро аз дигар имтиёзоти ҷанги ахир донист ва афзуд: “Ин ҳаводис барои мо бесобиқа набуд ва Ҷумҳурии Исломӣ дар тӯли 46 соли гузашта илова бар ҷанги таҳмилии ҳаштсола, борҳо дар муқобили ҳаводисе ҳамчун кудато, фитнаҳои гуногуни низомӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳамаи тавтиаҳои душманро хунсо карда буд.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон, бинои Ҷумҳурии Исломиро бар ду пояи “дин ва дониш” хонд ва гуфт: “Мардум ва ҷавонони Эрон бо такя бар ин ду поя душманро дар майдонҳои мухталиф ба ақибнишинӣ водор карданд ва аз ин пас низ ҳамин гуна амал хоҳанд кард.”
Вай, иллати аслии мухолифати истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он Омрикои ҷинояткор бо Ҷумҳурии Исломиро дин ва дониш ва иттиҳоди эрониён зери сояи Қуръон ва ислом донист ва гуфт: “Он чи онҳо ба унвони ҳастаӣ, ғанисозӣ ва ҳуқуқи башар матраҳ мекунанд, баҳона аст ва иллати аслии нороҳатӣ ва мухолифати онҳо, ба майдон омадани сухани нав ва тавоноиҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар арсаҳои гуногуни илмӣ ва донишҳои инсонӣ, фаннӣ ва динӣ аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки миллати Эрон ба тавфиқи илоҳӣ, дин ва дониши худро раҳо нахоҳад кард, афзуд: “Мо дар роҳи тақвияти дин ва густариш ва таъмиқи донишҳои гуногуни худ қадамҳои баланде бархоҳем дошт ва ба кӯрии душман хоҳем тавонист Эронро ба авҷи тараққӣ ва ифтихор бирасонем.”