Вақте Тромп обрӯи ҳатто “амалиёти равонӣ”-ро мебарад

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, имрӯзҳо ва пеш аз даври шашуми музокирот бо Эрон, ки ба гуфтаи коршиносон, сарнавиштсоз аст, барои он ки бихоҳад бар Эрон фишор оварад ва масалан “битарсонад”, то Эрон ба гумони ӯ кӯтоҳ ояд ва пешниҳоди Омрикоро мабнӣ бар таваққуфи ғанисозӣ бипазирад, як амалиёти густардаи ба истилоҳ “равонӣ” ба роҳ андохта, ки …

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, имрӯзҳо ва пеш аз даври шашуми музокирот бо Эрон, ки ба гуфтаи коршиносон, сарнавиштсоз аст, барои он ки бихоҳад бар Эрон фишор оварад ва масалан “битарсонад”, то Эрон ба гумони ӯ кӯтоҳ ояд ва пешниҳоди Омрикоро мабнӣ бар таваққуфи ғанисозӣ бипазирад, як амалиёти густардаи ба истилоҳ “равонӣ” ба роҳ андохта, ки ҳатто як кӯдак медонад ҳама лаффозӣ аст.

Дар ростои ҳамин амалиёт, дирӯз Омрико аз теъдоди кормардони худ дар пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар чанд кишвари халиҷӣ кост ва нишон дод, ки дар ҳолати масалан “омодабош” аст.

Ва ҳамчунин дар идомаи ҳамин “амалиёт” Тромп имрӯз дар шабакаи Truth Social бо интишори наворе дар баробари сарбозони омрикоӣ гуфт: “Ман беш аз ҳар замони дигаре итминон дорам, ки дар рӯзҳои пеши рӯ ва барои тамоми наслҳои оянда артиши Иёлоти Муттаҳида шукӯҳе бар шукӯҳ хоҳад афзуд.”

Вай хитоб ба сарбозон гуфт: “Шумо шуҷоати поённопазир аз худ нишон хоҳед дод, аз ҳар ваҷаб аз хоки Омрико муҳофизат хоҳед кард ва то дуртарин нуқоти ҷаҳон аз Иёлоти Муттаҳида дифоъ хоҳед намуд.”

Тромп дар идома бо такрори иддаоҳои чандмоҳаи худ дар бораи мавзӯи ҳастаии Эрон муддаӣ шуд: “Ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод, Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад!”

Ҳоло гирам, чанд бомб ҳам ба таъсисоти атомии Эрон андохт! Аз ин мардак баъид нест. Аммо хуб, баъд чӣ?! Оё Эрон даст рӯйи даст мегузорад ва тамошо мекунад, ки чӣ хоҳад шуд?!

Хулоса, ин мардак ҳеч обрӯе барои Омрико нагузошт.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *