Имзои асноди Иҷлоси Шонгҳой аз сӯйи сарони кишварҳо // Кишварҳои узви Созмони Шонгҳой таҷовузи Омрико ва режими саҳюнистӣ ба Эронро маҳкум карданд // Маҳкумияти режими Исроил аз сӯйи аъзои ин созмон

Ба гузориши хабаргузории Ирно, дар поёни нишасти Созмони Шонгҳой, сарони кишварҳои узв беш аз 20 санад ва баёния дар ҳавзаҳои мухталифи ҳамкорӣ аз ҷумла мувофиқатномаи эҷоди маркази ҷомеъи муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти амниятӣ, мувофиқатномаи эҷоди маркази муқобила бо маводди мухаддир, стратегияи 10-солаи созмон, ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳуши маснуӣ, маводди мухаддир, санъати сабз, ҳамкории илмӣ …

Ба гузориши хабаргузории Ирно, дар поёни нишасти Созмони Шонгҳой, сарони кишварҳои узв беш аз 20 санад ва баёния дар ҳавзаҳои мухталифи ҳамкорӣ аз ҷумла мувофиқатномаи эҷоди маркази ҷомеъи муқобила бо чолишҳо ва таҳдидоти амниятӣ, мувофиқатномаи эҷоди маркази муқобила бо маводди мухаддир, стратегияи 10-солаи созмон, ҳамкорӣ дар ҳавзаи ҳуши маснуӣ, маводди мухаддир, санъати сабз, ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ, тиҷорати чандҷониба, тавсиаи пойдори энержӣ имзо карданд.

Ҳамчунин кишварҳои узв дар баёнияи ин Иҷлос, бо маҳкумияти қотеъи ҳамалоти низомии режими саҳюнистӣ ва Омрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар июни 2025, тасреҳ карданд: “Ҷунин иқдомоти таҷовузкоронае алайҳи таъсисоти ғайринизомӣ, аз ҷумла зерсохтҳои ҳастаӣ, ки ба кушта шудани ғайринизомиён мунҷар шуд, нақзи ошкори усул ва мавозини ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид ва таъарруз ба ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад. Ин иқдомот ба амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ осеб ворид карда ва паёмадҳои ҷиддӣ барои сулҳ ва суботи ҷаҳонӣ дар пай дорад…”

Дар бахши дигаре аз ин баёния, кишварҳои узв бори дигар бо ибрози нигаронии амиқ аз тадовуми ташдиди муноқишаи Фаластин ва Исроил, ба таври қотеъ иқдомотеро, ки ба қурбониёни фаровон дар миёни ғайринизомиён ва бурузи вазъияти фоҷеабори инсонӣ дар навори Ғазза анҷомидааст, маҳкум карданд.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *