Таслияти Пизишкиён ба мардуми Афғонистон // Омодагии Эрон барои имдодрасонӣ

Раисиҷумҳури Эрон дар паёме зимни таслияти ҷон бохтани шуморе аз мардуми Афғонистон дар пайи вуқӯъи зилзила дар шарқи ин кишвар, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ҳар гуна ҳамкорӣ, имдодрасонӣ ва ирсоли кӯмакҳои инсондӯстона ба манотиқи осебдида эълом кард.Ба гузориши Ирно, матни паёми Масъуди Пизишиён ба шарҳи зер аст:“Бисмиллоҳир Раҳмнир РаҳимВуқӯъи ҳодисаи ногувори зилзила дар шарқи …

Раисиҷумҳури Эрон дар паёме зимни таслияти ҷон бохтани шуморе аз мардуми Афғонистон дар пайи вуқӯъи зилзила дар шарқи ин кишвар, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои ҳар гуна ҳамкорӣ, имдодрасонӣ ва ирсоли кӯмакҳои инсондӯстона ба манотиқи осебдида эълом кард.

Ба гузориши Ирно, матни паёми Масъуди Пизишиён ба шарҳи зер аст:

“Бисмиллоҳир Раҳмнир Раҳим

Вуқӯъи ҳодисаи ногувори зилзила дар шарқи Афғонистон ва ҷон бохтан ва масдум шудани шуморе аз мардуми он кишвари дӯст ва бародар, мӯҷиби таассури хотири инҷониб ва миллати Эрон шуд.

Инҷониб ба намояндагӣ аз миллати Эрон, ин рухдоди мусибатборро таслият мегӯям ва барои ҷонибохтагон, раҳмат ва мағфирати илоҳӣ ва барои масдумон шифои оҷил масъалат дорам.

Миллат ва давлати Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ, дар канори шумо буда ва омодагии худро барои ҳар гуна кӯмакҳои имдодӣ ва дармонӣ эълом дошта ва орзу дорад, дар сояи ҳамбастагӣ ва ҳамдилии он миллати ҳамсоя, ҳар чи сареътар шоҳиди вазъияти оддӣ дар манотиқи осебдида бошад.”

Гуфтанист, шаби гузашта (якшнба) заминларзае ба бузургии 6 риштер дар вилоятҳои Кунар, Нуристон, Нангарҳор ва Лағмон дар шарқи Афғонистон рух дод.

Шумори ҷонбохтагони ин зилзила, ба беш аз 622 нафар ва маҷрӯҳони ин ҳодиса ба як ҳазору 500 нафар расидааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *