Ярон Лишинский (Yaron Lischinsky) яке аз коркунони Сафорати режими саҳюнистӣ дар Омрико, ки имрӯз дар тирандозӣ дар наздикии музейи яҳудиён дар Вошингтун кушта шуд, чанд рӯз пеш дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоии Х, Сайидабдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яманро таҳдид ба терур карда буд.
Ин диплумоти кушташудаи саҳюнист дар бахше аз паёми худ дар шабакаи иҷтимоии Х навишта буд: “Абдулмалик Ҳусиро дар Яман таъқиб хоҳам кард ва ӯро аз байн хоҳем бурд.”
Гуфтанист, соатҳое пас аз тирандозӣ дар хориҷ аз музейи яҳудиён дар Вошингтун ва кушта шудани ду тан аз коркунони Сафорати Телавив дар пойтахти Омрико, Гидеон Саар, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ҳувияти кушташудаҳои ин тирандозиро эълом кард. Ба гуфтаи вай, Ярон Лишинский ва Сара Милгрим дар тирандозии имрӯз кушта шуданд.