Сарони се қувваи ҳокимияти Ироқ дар нишасти муштарак бо Президенти ин кишвар масъалаи муҳосираи ҳавоии Эронро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба нақл аз «Тасним» аз Бағдод, сарони се қувваи ҳокимияти Ироқ бо ҳамроҳии Президенти ин кишвар имрӯз, душанбе, дар ҷаласае вазъи охирини масъалаи қатъи парвозҳо миёни Эрон ва Ироқро баррасӣ ва дар ин маврид қарор қабул хоҳанд кард.
Дар нишасти имрӯз, ки бо ҳузури Алӣ Фолеҳ аз-Зайдӣ — нахуствазир, Ҳайбат ал-Ҳалбусӣ — раиси Парлумон ва Фоиқ аз-Зайдон — раиси дастгоҳи додгустарии Ироқ, бо Низор Амидӣ — Президенти ин кишвар баргузор хоҳад шуд, масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла масъалаи силоҳи гурӯҳҳои муқовимати Ироқ, мавзӯи иштироки Бағдод дар таҳримҳои ҳавоии Эрон, баррасии вариантҳои мавриди назар барои пур кардани 9 курсии боқимондаи кобинаи Ироқ ва ҳамчунин мубориза бо фасод баррасӣ хоҳанд шуд.
Қаблан бархе манбаъҳо гуфта буданд, ки парвозҳо миёни Эрон ва Ироқ аз фурудгоҳи Наҷаф аз имрӯз бегоҳ аз сар гирифта хоҳанд шуд.
Шарҳҳо
Khusraw
👌👌👌