Намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин бо баёни ин ки “Имом Хумайнӣ (р)-ро эҳёгари масъалаи Фаластин буд”, гуфт: “Агар иқдомот ва мавозеъи Имом (р) набуд, гурӯҳҳои муқовимат дар шароити кунунии минтақа ҳеч машрӯъият ва қудрате надоштанд.”
Ба гузориши Исно, Носир Абӯшариф, намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Эрон тайи суханоне дар Ҳамоиши байналмилалии “Имом Хумайнӣ (р) ва масъалаи Фаластин” изҳор дошт: “Имом Хумайнӣ (р) комилан дар таъйин ва табйини ҷабҳаи ҳаққу ботил бисёр дақиқ амал карда ва таъкид карданд, ки режими саҳюнисти дар меҳвари ботил ва истикбори ҷаҳонӣ қарор дорад ва бояд бо он мубориза кард.”
Вай ҳамчунин баён кард: “Дуввумин масъала ин аст, ки Имом (р) бори дигар исломро зинда кард ва ин иқдомро бо улгуи азиме, ки дар Инқилоби Исломӣ дар мавзӯъи лузуми ҳимояти ҷаҳони ислом аз масъалаи Фаластин ироа карданд, анҷом дод.”
Намояндаи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Теҳрон идома дод: “Имом Хумайнӣ (р) бо иқдомоте, ки анҷом дод, мӯҷиб шуд гурӯҳҳои муқовимати Фаластин қудрат бигиранд. Агар иқдомот ва мавозеъи Имом Хумайнӣ (р) набуд, гурӯҳҳои муқовимат дар шароити кунунии минтақа ҳеч машрӯъият ва қудрате надоштанд.”
Абӯшриф хотирнишон кард: “Мо метавонем Имом (р)-ро эҳёгари масъалаи Фаластин бидонем бавежа дар замоне, ки кишварҳои арабӣ дар ҳимоят аз Фаластин дучори таҳаввул дар мавозеъи худ шуда буданд.”