Фаврӣ // Фурудгоҳи Бен-Гурёни Телавив боз ҳам мавриди ҳамлаи яманиҳо қарор гирифт

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идомаи амалиёти пуштибонии худ аз мардуми Ғазза, бори дигар фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурён дар Телавивро бо мушаки болистик мавриди ҳамла қарор доданд.Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки ин кишвар дар ёрӣ ба мардуми мазлуми Фаластин ва муҷоҳидони он ва дар вокуниш ба ҷинояти наслкушӣ ва гуруснагӣ додани омидона …

Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идомаи амалиёти пуштибонии худ аз мардуми Ғазза, бори дигар фурудгоҳи байналмилалии Бен-Гурён дар Телавивро бо мушаки болистик мавриди ҳамла қарор доданд.

Сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки ин кишвар дар ёрӣ ба мардуми мазлуми Фаластин ва муҷоҳидони он ва дар вокуниш ба ҷинояти наслкушӣ ва гуруснагӣ додани омидона ба мардуми Ғазза ва ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо аз сӯйи саҳюнистҳо, бо мушаки болистик аз навъи “Зулфиқор”, фурудгоҳи Аллуд (Бен-Гурён) дар минтақаи ишғолии Телавивро ҳадаф гирифт.

Сартип Яҳё Сареъ тасреҳ кард, ки ин амалиёт ба лутфи Худованд ба ҳадафи худ расид ва мӯҷиби фирори 4 миллион саҳюнист ба паноҳгоҳҳо ва таваққуфи парвозҳо дар ин фурудгоҳ шуд.

Вай гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳ таҳаввулоти набардҳо дар Ғаззаро дунбол мекунанд ва бо эҳтиром ва тақдир ба ҷонфишонониҳои мардуми озода ва муқовими Ғазза менигаранд ва ба гурдонҳои Қассом ва Сароё ал-Қудс ва ҳамаи муҷоҳидони салаҳшӯр дар ҳама гурӯҳҳои муқовимати Фаластини адои эҳтироми низомӣ мекунанд, ки аз мардуми Фаластин дар замоне, ки ҳама ба онҳо пушт кардаанд, дифоъ мекунанд.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар поён таъкид кард, ки ин кишвар то таваққуфи таҷовузот ва рафъи муҳосираи Ғазза, дар канори мардуми Фаластин хоҳад буд ва ҳатто агар ҳамаи ҷаҳон ба онҳо пушт кунанд, аз амалиёти пуштибонии худ даст барандошта ва ба ҳимоят аз онҳо идома хоҳанд дод.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *