Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Мушакҳои эронӣ марокизи низомии саҳюнистҳоро нобуд кард” // “Агар лозим шуд, боз аз мушакҳо алайҳи саҳюнистҳо истифода мекунем”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) бо садҳо нафар аз қаҳрамонони риштаҳои мухталифи варзишӣ дар ин кишвар ва медоловарони олимпиадаҳои илмии ҷаҳонӣ, дидор кард. Ӯ дар бахше аз суханони худ, силии боварнакардании Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистӣ дар ҷанги 12-рӯзаро омили маъюс шудани онҳо донист ва афзуд: “Саҳюнистҳо таваққӯъ надоштанд, ки мушаки эронӣ …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (душанбе) бо садҳо нафар аз қаҳрамонони риштаҳои мухталифи варзишӣ дар ин кишвар ва медоловарони олимпиадаҳои илмии ҷаҳонӣ, дидор кард. Ӯ дар бахше аз суханони худ, силии боварнакардании Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистӣ дар ҷанги 12-рӯзаро омили маъюс шудани онҳо донист ва афзуд: “Саҳюнистҳо таваққӯъ надоштанд, ки мушаки эронӣ битавонад бо шӯълаҳо ва оташи худ ба аъмоқи марокизи ҳассос ва муҳимми онҳо нуфуз ва ин марокизро нобуд ва табдил ба хокистар кунад.”

Вай бо таъкид бар ин ки мушакҳои эронӣ омодаанд, ки агар лозим бошад боз ҳам истифода мекунем, гуфт: “Эрон мушакҳоро аз ҷойе нахарид ё кироя накард, балки сохтаи ҷавони эронӣ аст, ҷавони эронӣ вақте вориди майдон мешавад ва бо саъйу талош зерсохтҳои илмиро фароҳам мекунад, қодир ба анҷом додани чунин корҳои бузурге аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт: “Ин мушакҳоро нерӯҳои мусаллаҳ ва санойеъи низомии мо омода доштанд ва истифода карданд ва боз ҳам доранд ва агар лозим бошад, дар вақти дигар аз он истифода мекунанд.”

Вай сипас гуфт: “Дар ҷанги Ғазза, Омрико бе тардид шарики аслии ҷиноёти режими саҳюнистӣ аст ҳамчунон ки худи раисиҷумҳури Омрико ҳам эътироф кард, ки мо бо ин режим дар Ғазза кор мекардем, албата агар инро ҳам намегуфт, маълум буд, чаро ки имконот ва таслеҳоте, ки дар тӯли ин ҷанг бар рӯйи сари мардуми бепаноҳи Ғазза рехта мешуд, мутаъаллиқ ба Омрико буд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, иддаои дигари Трамп мабнӣ бар ҷанги Омрико бо теруризмро намунаи дигаре аз суханони дурӯғи ӯ хонд ва афзуд: “Беш аз 20 ҳазор кӯдаку навзод дар ҷанги Ғазза ба шаҳодат расиданд. Оё онҳо терурист буданд? Терурист, Омрикост, ки ДОЪИШ-ро эҷод мекунад ва ба ҷони минтақа меандозад ва имрӯз ҳам иддае аз афроди онро дар минтақае дар ихтиёр гирифта ва барои истифодаи худ нигаҳ доштааст.”

Вай куштори ҳудуди 70 ҳазор инсон дар ҷанги Ғазза ва ҳамчунин ба шаҳодат расондани беш аз ҳазор эронӣ дар ҷанги 12-рӯзаро шавоҳиде ошкор аз хӯйи теруристии Омрико ва режими саҳюнистӣ хонд ва хотирнишон кард: “Онҳо илова бар куштори кӯри мардум, донишмандони мо ҳамчун Теҳрончӣ ва Аббосиро терур ва ба ин ҷиноят ифтихор карданд, аммо бояд бидонанд, ки наметавонанд илмро терур кунанд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба ҳарфҳои раисиҷумҳури Омрико, ки зимни ифтихор кардан ба бомбборони санъатии ҳастаии Эрон, муддаии аз байн бурдани он шуда буд, афзуд: “Эроде надорад, ба ҳамин хаёл бошед, аммо аслан шумо чӣ кора ҳастед, ки агар кишваре санъати ҳастаӣ дорад, дар қиболи он “бояду набояд” матраҳ кунед. Чӣ рабте ба Омрико дорад, ки Эрон имконот ва санъати ҳастаи дорад ё надорад. Ин дахолатҳо нобоб, ғалат ва зӯргӯёна аст.”

Вай бо ишора ба тазоҳуроти саросарӣ ва 7 миллионӣ алайҳи Тромп дар иёлатҳо ва шаҳрҳои мухталифи Омрико гуфт: “Шумо агар хеле тавоноӣ доред, ба ҷойи дурӯғпароканӣ, дахолат дар кори дигар кишварҳо ва иқдомоте ҳамчун сохти пойгоҳи низомӣ дар онҳо, ин миллионҳо нафарро ором кунед ва ба хонаҳои худ бозгардонед.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки терурист ва мазҳари воқеии теруризм, Омрикост, иддаои Тромп мабнӣ бар тарафдорӣ аз мардуми Эронро ҳам дурӯғ хонд ва афзуд: “Таҳримҳои сонавияи Омрико, ки теъдоди зиёде аз кишварҳо низ аз тарс бо он ҳамроҳӣ мекунанд алайҳи миллати Эрон аст, бинобар ин шумо душмани миллати Эрон ҳастед, на дӯсти он.”

Вай, бо ишора ба изҳори омодагии Тромп барои муомила гуфт: “Мегӯяд, ман аҳли муомилаам, дар ҳоле, ки агар муомила бо зӯргӯӣ ҳамроҳ ва натиҷаи он аз қабл маълум бошад, муомила нест, балки таҳмил ва зӯргӯист. Миллати Эрони зери бори таҳмил нахоҳад рафт.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *