Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Улгуи Тромп барои кишварҳои арабӣ яқинан шикастхӯрда аст ва ба ҳиммати миллатҳои минтақа, Омрико аз ин минтақа бояд биравад ва хоҳад рафт”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (шанбе, 17 май) бо ҷамъе аз муаллимон дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор раҳбари Ҷ.И.Эрон аз ҷумла гуфт: “Раисиҷумҳури Омрико ба ин кишварҳои арабӣ як улгуеро пешниҳод мекунад, ки ба қавли худи ӯ, бо ин улгу, ин кишварҳо бидуни Омрико даҳ рӯз ҳам наметавонанд зиндагӣ кунанд. Ин ҷурӣ гуфт; …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (шанбе, 17 май) бо ҷамъе аз муаллимон дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор раҳбари Ҷ.И.Эрон аз ҷумла гуфт: “Раисиҷумҳури Омрико ба ин кишварҳои арабӣ як улгуеро пешниҳод мекунад, ки ба қавли худи ӯ, бо ин улгу, ин кишварҳо бидуни Омрико даҳ рӯз ҳам наметавонанд зиндагӣ кунанд. Ин ҷурӣ гуфт; гуфт: “Агар Омрико набошад, инҳо даҳ рӯз наметавонанд худашонро нигаҳ доранд; Омрико инҳоро нигаҳ медорад.”

Вай афзуд: “Ҳоло ҳам дар муомилоти худ, дар рафтори худ, дар пешниҳодҳои худ, ҳамин улгуро ба инҳо дорад муҷаддадан ироа медиҳад ва таҳмил мекунад, ҷуре, ки инҳо бидуни Омрико натавонанд зиндагӣ кунанд. Мутмаиннан ин улгу шикастхӯрда аст. Ба ҳиммати миллатҳои минтақа, Омрико аз ин минтақа бояд биравад ва хоҳад рафт.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон баён кард: “Ҳатман, дар ин минтақа, он нуқтаи мояи фасод, мояи ҷанг, мояи ихтилоф, режим саҳюнӣ аст; режими саҳюнӣ, ки ғуддаи саратонии хатарноки мӯҳлики ин минтақа аст, ҳатман бояд барканда шавад ва хоҳад шуд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *