ятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) ба муносибати маросими солгарди шаҳодати Сайидиброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла гуфт: “Дар аввалин мусоҳиба дар риёсати ҷумҳурӣ, аввалин мусоҳибаро кард, хабарнигор аз шаҳид Раисӣ пурсид, ки шумо оё бо Омрико музокира мекунед? Сареҳ гуфт: хайр, гуфт: на, бидуни ҳеч ибҳоме; ва накард. Иҷоза надод, ки душман битавонад бигӯяд, ки ман бо таҳдид, бо татмеъ, тавонистам ё бо ҳила тавонистам Эронро ба пойи мизи музокира бикашонам; нагузошт.”
Вай афзуд: “Ин ки исрор бар музокираи мустақим мекунанд тарафҳо, ба хотири ин аст. Як бахши умдааш ин аст; эшон иҷоза надод. Албатта музокироти ғайримустақим буд, замони эшон ҳам буд, мисли ҳоло, ки ҳаст, албатта бидуни натиҷа. Ҳоло ҳам гумон намекунем ба натиҷа бирасад. Намедонем чӣ хоҳад шуд.”