Пентагон: Ҷанг бо Эрон то кунун 43,6 миллиард доллар хароҷот доштааст

Бар асоси маълумоти нави Пентагон, хароҷоти ҷанг бо Эрон то моҳи ҷорӣ ҳадди ақал 43,6 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.Ба нақл аз Тасним, рӯзномаи Вашингтон Пост имрӯз (шанбе) бо истинод ба як санади низомӣ гузориш дод, ки Фармондеҳии марказии ИМА (Сентком), ки бар амалиёти низомии ин кишвар дар Ховари Миёна назорат мекунад, арзёбӣ кардааст, ки хароҷоти …

Бар асоси маълумоти нави Пентагон, хароҷоти ҷанг бо Эрон то моҳи ҷорӣ ҳадди ақал 43,6 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.

Ба нақл аз Тасним, рӯзномаи Вашингтон Пост имрӯз (шанбе) бо истинод ба як санади низомӣ гузориш дод, ки Фармондеҳии марказии ИМА (Сентком), ки бар амалиёти низомии ин кишвар дар Ховари Миёна назорат мекунад, арзёбӣ кардааст, ки хароҷоти ҷанг бо Эрон то аввали моҳи сентябр ба тақрибан 43,6 миллиард доллар расидааст.

Ин рақам хеле бештар аз хароҷотест, ки ҳукумати Доналд Трамп қаблан эълон карда буд ва хароҷоти эҳтимолии оянда барои андозсупорандагони амрикоиро дар бар намегирад; аз ҷумла миллиардҳо доллар барои эҳтимоли бозсозии пойгоҳҳо ва иншооти низомии ИМА дар хориҷи кишвар, ки дар ҷараёни ҷанг осеб дида ё нобуд шудаанд.

Бар асоси ин санад, аз маҷмӯи хароҷот тақрибан 28 миллиард доллар барои ҷойгузинии муҳимоти ҷангии истифодашуда дар ҷараёни ҷанг, ки аз 28 феврал оғоз шудааст, сарф мешавад. Ҳамчунин беш аз 4,3 миллиард доллар ба таҷҳизоти низомии аз дастрафта ё осебдида марбут аст.

Дар байни бахшҳои гуногуни артиши ИМА, хароҷоти амалиётии нерӯҳои ҳавоӣ аз 6,6 миллиард доллар бештар шудааст.

Бино бар ин гузориш, хароҷоти нерӯҳои баҳрӣ тақрибан 2,2 миллиард доллар ва хароҷоти артиш тақрибан 1,6 миллиард доллар арзёбӣ шудааст.

Дафтари буҷети Конгресси ИМА, ки як ниҳоди ғайриҳизбӣ мебошад, низ ин ҳафта дар гузорише эълон кард, ки хароҷоти ҷанг то моҳи июл тақрибан 38 миллиард доллар будааст ва вобаста ба шиддати даргириҳо, идомаи ҷанг метавонад ҳар моҳ аз 2 то 3 миллиард доллар хароҷот дошта бошад.

Вазорати ҷангии ИМА (Пентагон) ба дархостҳои Дафтари буҷети Конгресс барои пешниҳоди маълумот посух надодааст.

Ин вазоратхона қаблан хароҷоти ҷанг бо Эронро то охири моҳи сентябр 37,5 миллиард доллар арзёбӣ карда буд; бо вуҷуди ин, ин рақам низ хисороти назаррас ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар минтақа бар асари ҳамлаҳои Эронро дар бар намегирад.

Бар асоси гузориши Ню-Йорк Таймс ва маълумоти пешниҳодшуда ба Конгресс, беш аз 50 ҳазор низомии амрикоӣ дар миссияи ҷангии марбут ба Эрон дар минтақа ҳузур доранд.

Пентагон ҳамчунин 633 миллион доллар барои интиқол ва пуштибонии чанд ҳазор нерӯҳои амалиёти вижа ва 23,5 миллион доллар барои хидматрасонии тиббӣ ба низомиёни худ харҷ кардааст.

Фармондеҳии нақлиётии ИМА низ 92,1 миллион доллар барои интиқоли таҷҳизот ва мавод ва Фармондеҳии киберӣ 10,5 миллион доллар барои амалиёти пуштибонии киберӣ харҷ кардаанд.

Мақомоти Конгресс ба Ню-Йорк Таймс гуфтаанд, ки рақами 43,6 миллиард доллар бешубҳа камтар аз хароҷоти воқеии ҷанг аст, зеро ҳадди ақал 1,5 миллиард доллар хароҷоти сӯзишворӣ ва дигар маблағҳое, ки ҳукумати Трамп барои ин ҷанг дархост кардааст, дар ин ҳисоб ба назар гирифта нашудааст.

Хароҷоти таъмир ё бозсозии пойгоҳҳои низомии осебдидаи ИМА низ ба ин рақам дохил нашудааст ва дар сурати бозсозии онҳо метавонад даҳҳо миллиард доллари дигар ба хароҷоти ҷанг илова шавад.

Дафтари буҷети Конгресс ҳамчунин пешбинӣ кардааст, ки пур кардани захираҳои силоҳу муҳимоти ИМА, ки дар ҷараёни ҷанг коҳиш ёфтаанд, метавонад ҳадди ақал панҷ сол вақт бигирад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *