Ҳушдори намояндаи Русия дар Вена дар бораи оддӣ шудани ҳамлаҳо ба иншооти ҳастаӣ

Михаил Улянов гуфт: ба далели маҳкум нашудани қотеъонаи ҳамлаҳо аз ҷониби Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ҳамла ба иншооти ҳастаӣ ба як амри маъмулӣ табдил меёбад.Ба нақл аз хабаргузории «ТАСС», Михаил Улянов, намояндаи доимии Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, бар ин назар аст, ки ба далели набудани маҳкумияти ҳамлаҳо аз ҷониби кишварҳои узви Ожонси байналмилалии …

Михаил Улянов гуфт: ба далели маҳкум нашудани қотеъонаи ҳамлаҳо аз ҷониби Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ҳамла ба иншооти ҳастаӣ ба як амри маъмулӣ табдил меёбад.

Ба нақл аз хабаргузории «ТАСС», Михаил Улянов, намояндаи доимии Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена, бар ин назар аст, ки ба далели набудани маҳкумияти ҳамлаҳо аз ҷониби кишварҳои узви Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва роҳбарияти ин ниҳод, ҳамла ба иншооти ҳастаӣ дар ҳоли табдил шудан ба як амри маъмулӣ қарор дорад ва ин вазъ бисёр хатарнок аст.

Ин дипломати рус гуфт: «Русия борҳо ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои узви Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва роҳбарияти ин ниҳод натавонанд ҳамла ба иншооти ҳастаиро дар ҳар макон ва ҳар замон ба таври дастаҷамъӣ ва ошкоро маҳкум кунанд, чунин ҳамлаҳо ба як равиши нав табдил хоҳанд шуд. Ҳоло ба назар мерасад, ки маҳз ҳамин ҳолат дар ҳоли рух додан аст, ки метавонад ба як фоҷиаи даҳшатнок оварда расонад.»

Улянов афзуд: чанд сол пеш ҳамла ба иншооти ҳастаӣ ва истифода аз онҳо ба унвони ҳадаф дар ҷараёни амалиёти низомӣ ғайри қобили тасаввур ба назар мерасид, аммо ҳоло вазъияте ба вуҷуд омадааст, ки чунин ҳамлаҳо ҳамчун як абзори қобили қабул арзёбӣ мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо аз ҳамлаҳои Киев ба иншооти ҳастаӣ ҳимоят мекунад

Намояндаи доимии Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена ҳамчунин гуфт, ки кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо нодида гирифтани ҳамлаҳои Киев ба иншооти ҳастаӣ, амалан нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ба идомаи чунин иқдомҳо ташвиқ мекунанд.

Михаил Улянов дар вокуниш ба ҳамлаи паҳподии Украина ба нерӯгоҳи ҳастаии Курск, ки рӯзи 17 сентябр рух дод, гуфт: «Украина ба таври мунтазам иншооти ҳастаиро ҳадаф қарор медиҳад, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба ин масъала чашм мепӯшанд ва амалан нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ба идомаи чунин иқдомҳо ташвиқ мекунанд.»

Ин дипломати рус аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ хост, ба таври ошкоро эълон кунанд, ки ҳар гуна ҳамла ба иншооти ҳастаии осоишта, новобаста аз навъ ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо, ғайри қобили қабул буда, бояд маҳкум карда шавад.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *