Ин ки Радиои Озодӣ вобаста ба Омрикост ва хабарҳо ва гузоришҳо ва таҳлилҳояш ҳама ба ҳавои Омрикост ва дурусттараш, ба ҳавои як мушт мақомоти ин кишвар аст, хуб ин ҷойи худ, аммо чун дастандаркорони тоҷики он, рӯзноманигорони коркуштае ҳастанд, аз онҳо таваққӯъ меравад ба табли омрикоиҳо нарақсанд! Ин хуб нест.
Як вақт аз ман нороҳат нашаванд, ман онҳоро мешиносам ва робитаи дӯстӣ ва рафоқат бо эшон дорам ва бо баъзе аз онҳо – ки намехоҳам ном бибарам – хеле самимӣ ҳастам. Аммо чун ин радио дар Тоҷикистон хонанда дорад, воқеан дилам намешавад, ки гузоришҳояшон – ки қатъан ба дастури омрикоиҳост – дурӯғ бошад. Омрикоиҳо хусусан дар матолиби роҷеъ ба Фаластин ва ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон, бисёр вақт дурӯғ мегӯянд, он ҳам дурӯғе ошкор, ба ҳадде ки гоҳе рӯзро шаб ва шабро рӯз нишон медиҳанд. Ин, воқеан хуб нест, барозандаи рӯзноманигорони азизи тоҷик, ки дар он кор мекунанд намебошад!
Дар гузориши имрӯзи ин радио, ҳамин ҳоло дидам, ки дурӯғе навишта бисёр шохдор! Дар гузорише таҳти унвони “Эрон даъво дорад, ки ҳуҷҷатҳои махфии Исроилро дуздидааст” чунин менависад:
“Расонаҳои давлатии Эрон даъво доранд, ки ҷосусони ин кишвар як бастаи калони ҳуҷҷатҳои махфии Исроилро дуздидаанд. Исроил ба ин хабар расман ягон вокуниш накардааст.”
Оё мутмаиннед, ки расман ҳеч вокунише накардааст?!
Мақомоти ин режим аз тариқи симои расмиашон яъне телевизиони расмии он, ҷиғу додашон осмонро, ки фаро гирифта! Оё хабар надоред?! Оё ҷиғу доди он мақомот – на сирф хабарнигорон ва коршиносҳо – вокуниши расмӣ нест?!
Ҳоло намунае андак аз матолиби рӯзномаҳо ва расонаҳои асосии ин режимро дар робита бо ин ҳодиса меоварам:
1) Маъорив (Maariw): “Гузориши нигаронкунанда; Эрон асноди атомии сирриро аз Исроил дуздид”
2) Ynet: “Асноди зиёде дар мавриди барномаи атомии Исроил аз сӯйи Эрон дуздида шуд”
3) Коноли 7 Исроил (TV7 Israel): “Эрон ҳазорон санади ҳассос дар бораи Исроил ба даст овардааст”
Ва ғайра, ки зиёд аст…
Тоза, ин нуктаро ҳам лозим аст арз кунам “даъво дорад” на, балки “иддаъо дорад”. Дар забони форсӣ, вожаи “даъво” барои ҷанҷол ва аҳёнан задӯхӯрд гуфта мешавад.