Мақомоти омрикоӣ рӯзи панҷшанбе ба хасоратҳои сангини ворида ба нерӯҳои омрикоӣ дар даргирӣ бо Ансоруллоҳи Яман дар як моҳи гузашта эътироф карданд.
Ба гузориши Алҷазира, мақомоти омрикоӣ эътироф кардаанд, ки ҷанг алайҳи Ансоруллоҳ танҳо аз моҳи март то кунун беш аз як миллиард доллар барои Омрико ҳазина доштааст.
Ин мақомот тавзеҳ доданд, ки ин ҷанг барои артиши Омрико “ҳазорон бомб ва мушак, сарнагунии ҳафт паҳпод ва ғарқ шудани ду ҳавопаймои ҷангӣ“ ҳазина доштааст.
Вошингтун эътироф кард, ки ду ҳавопаймои ҷангӣ, ҳар ду аз навъи F-18, аз як нови ҳавопаймобари омрикоӣ дар баҳри Сурх ғарқ шуданд.
Ансоруллоҳи эълом карда буд, ки тавониста ин ду ҳавопаймои ҷангиро сарнагун кунад.
Чанд рӯз пеш, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико иддаъо кард, ки Ансоруллоҳ аз ӯ хостаанд, ки ҳамалоти ҳавоии Омрико алайҳи онҳоро мутаваққиф кунад. Вай афзуд, ки пас аз он ки онҳо ӯҳдадор шуданд, ки ба киштиҳои омрикоӣ ҳамла накунанд, бо дархости онҳо мувофиқат кард.
Аммо ӯ як рӯз баъд аз Ҳусиҳо тамҷид кард ва гуфт, ки онҳо ҷангҷӯёне шуҷоъ будаанд ва хасороте ба артиши Омрико ворид кардаанд.
Як мақоми омрикоӣ дар мусоҳиба бо шабакаи NBC гуфт: “Возеҳ аст, ки давлат ба дунболи роҳе барои хуруҷ аз ин корзор алайҳи Ҳусиҳо буд.”
Ӯ тавзеҳ дод, ки санҷиши муваффақияти ҳамалоти Омрико душвор аст, зеро “паҳподҳое, ки барои таъйини натоиҷи бомбборон фиристода шуда буданд, тавассути Ҳусиҳо сарнагун шуданд.”
Ӯ афзуд: “Ҳеч нерӯи омрикоӣ дар Яман ҳузур надорад, ки битавонад асарбахшии ин ҳамалотро арзёбӣ кунад.”
Ин мақомот таъкид карданд, ки “талошҳои даврони Тромп алайҳи Ҳусиҳо ҳазинаи сангине дошт ва бархе аз муҳиммоти ҳассоси Омрикоро дар минтақа ба поён расонд.”