Мақоми омрикоӣ: “Барои оташбас бо Яман ниёзе ба мувофиқати Исроил надорем”

Сафири Омрико дар Исроил гуфт, ки Вошингтун барои таваққуфи ҳамалот ба Яман, ниёзе ба мувофиқат ва таъйиди Исроил надорад.Ба гузориши Middle East Monitor, баъд аз интишори гузоришҳое мабнӣ бар норизоятии шадиди режими саҳюнистӣ аз эъломи таваққуфи ҳамалоти Омрико ба Яман, Вошингтун ба ин эътироз вокуниш нишон дод.Майк Хакаби (Mike Huckabee), сафири Омрико дар Исроил имрӯз …

Сафири Омрико дар Исроил гуфт, ки Вошингтун барои таваққуфи ҳамалот ба Яман, ниёзе ба мувофиқат ва таъйиди Исроил надорад.

Ба гузориши Middle East Monitor, баъд аз интишори гузоришҳое мабнӣ бар норизоятии шадиди режими саҳюнистӣ аз эъломи таваққуфи ҳамалоти Омрико ба Яман, Вошингтун ба ин эътироз вокуниш нишон дод.

Майк Хакаби (Mike Huckabee), сафири Омрико дар Исроил имрӯз (ҷумъа) гуфт, ки Вошингтун барои оташбас бо Ансоруллоҳи Яман, ниёзе ба мувофиқат ва таъйиди Исроил надорад.

Бар асоси ин гузориш, Хакаби тасреҳ кард, ки то замоне, ки нерӯҳо ва имконоти омрикоӣ дар ҳамалоти нерӯҳо ва артиши Яман ҳадаф қарор нагиранд, Вошингтун иқдом намекунад.

Вай дар мусоҳиба бо шабакаи 12 Исроил тавзеҳ дод: “Иёлоти Муттаҳида барои анҷоми тавофуқоте, ки Ҳусиҳоро аз шиллик ба киштиҳои мо боздорад, ниёзе ба иҷозаи Исроил надорад. 700 ҳазор омрикоӣ дар Исроил зиндагӣ мекунанд. Агар Ҳусиҳо бихоҳанд ба анҷоми корҳое алайҳи Исроил идома диҳанд ва ба як омрикоӣ осеб бирасонанд, он гоҳ ин мавзӯъ ба мо марбут мешавад.”

Хакаби дар посух ба ин суол, ки оё иқдоми талофиҷӯёна фақат пас аз талафоти омрикоиҳо анҷом хоҳад шуд, афзуд: “Ин мавзӯъ ба он чи ки ба авлавияти мо табдил мешавад, бастагӣ дорад.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *