Насруддин Омир: Шумо аз ибтидо шоҳид будед, ки пуштибонии Яман дар оғоз бисёр заъифтар аз вазъи кунунӣ буд. Дар заминаи тавонмандиҳо ва кайфияти онҳҳо, дар оғози “Тӯфон ал-Ақсо” мо ҳатто мушакҳои мофавқи савт дар ихтиёр надоштем. Акнун ин мушакҳоро дорем ва ҳатто дар ҳамин навъ аз мушакҳо низ пешрафт ҳосил шуда. Паҳподҳои мо дар гузашта бурде кӯтоҳтар ва тавони камтаре дар расидан ба аҳдоф доштанд, аммо имрӯз ин тавон бисёр бештар шуда.
Исроил бар роҳбурди пинҳонкорӣ ва инкори асари ҳамалот такя дорад, онҳо танҳо замоне ба ҳамалот эътироф мекунанд, ки контроли авзоъро аз даст бидиҳанд ва натавонанд ривоятро мудрият кунанд, аммо Исроил амдан сонсур ва пинҳонкории расонаӣ дорад. Бо ин ҳол, ҳатто агар чунин кунад, боз ҳам ба хубӣ аз таъсири ин амалиётҳо огоҳ аст.
Мо мехоҳем умқи душмани саҳюнистӣ ҳамеша нигарон ва бесубот боқӣ бимонад, то ҳеч вақт эҳсоси амният накунад.