Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тромп гуфт, ки мехоҳад аз қудрат барои сулҳ истифода кунад; дурӯғ гуфт”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (шанбе, 17 май) бо ҷамъе аз муаллимон дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор раҳбари Ҷ.И.Эрон аз ҷумла гуфт: “Баъзе аз ин ҳарфҳое, ки дар ин сафари раисиҷумҳури Омрико ба минтақа матраҳ шуд, лоиқи ҷавоб додан нест аслан. Ин қадр сатҳи ҳарф пойин аст, ки мояи сарафкандагии гӯяндаи ҳарф ва …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (шанбе, 17 май) бо ҷамъе аз муаллимон дидор ва гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор раҳбари Ҷ.И.Эрон аз ҷумла гуфт: “Баъзе аз ин ҳарфҳое, ки дар ин сафари раисиҷумҳури Омрико ба минтақа матраҳ шуд, лоиқи ҷавоб додан нест аслан. Ин қадр сатҳи ҳарф пойин аст, ки мояи сарафкандагии гӯяндаи ҳарф ва мояи сарафкандагии миллати Омрикост. Онҳоро кор надорам, лекин бояд рӯйи яке ду ҷумла таваҷҷӯҳ бикунем.”

Вай афзуд: “Тромп гуфт, ки мехоҳад аз қудрат барои сулҳ истифода кунад; дурӯғ гуфт. Эшон ва масъулони омрикоӣ, давлатҳои Омрико, аз қудрат истифода карданд барои қатли омми Ғазза, барои ҷангафрӯзӣ дар ҳар ҷойе, ки битавонанд, барои ҳимоят кардан аз муздурони худашон. Аз қудрат, ин истифодаро карданд. Кай аз қудрат барои эҷоди сулҳ истифода карданд?”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон баён кард: “Бале, аз қудрат мешавад барои сулҳ ва амният истифода кард. Ба ҳамин далел ҳам ҳаст, ки мо, ба кӯрии чашми душманон, ҳар рӯз бар қудрати худамон ва қудрати кишвар иншоаллоҳ изофа хоҳем кард. Аммо онҳо ин корро накарданд. Онҳо аз қудрат истифода карданд барои ин ки бомбҳои даҳ тонниро бидиҳанд ба режим саҳюнӣ, бирезад рӯйи сари кӯдакони Ғазза, бемористонҳо, хонаҳои мардум, дар Лубнон ва дар ҳар ҷо, ки битавонанд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *