Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Шаҳид Раисӣ дар аввалин мусоҳиба бо сароҳат гуфт, бо Омрико музокираи мустақим намекунем”

ятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) ба муносибати маросими солгарди шаҳодати Сайидиброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла гуфт: “Дар аввалин мусоҳиба дар риёсати ҷумҳурӣ, аввалин мусоҳибаро кард, хабарнигор аз шаҳид Раисӣ пурсид, ки шумо оё бо Омрико музокира мекунед? Сареҳ гуфт: хайр, гуфт: на, бидуни ҳеч ибҳоме; ва накард. Иҷоза надод, ки душман …

ятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) ба муносибати маросими солгарди шаҳодати Сайидиброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони ӯ, аз ҷумла гуфт: “Дар аввалин мусоҳиба дар риёсати ҷумҳурӣ, аввалин мусоҳибаро кард, хабарнигор аз шаҳид Раисӣ пурсид, ки шумо оё бо Омрико музокира мекунед? Сареҳ гуфт: хайр, гуфт: на, бидуни ҳеч ибҳоме; ва накард. Иҷоза надод, ки душман битавонад бигӯяд, ки ман бо таҳдид, бо татмеъ, тавонистам ё бо ҳила тавонистам Эронро ба пойи мизи музокира бикашонам; нагузошт.”

Вай афзуд: “Ин ки исрор бар музокираи мустақим мекунанд тарафҳо, ба хотири ин аст. Як бахши умдааш ин аст; эшон иҷоза надод. Албатта музокироти ғайримустақим буд, замони эшон ҳам буд, мисли ҳоло, ки ҳаст, албатта бидуни натиҷа. Ҳоло ҳам гумон намекунем ба натиҷа бирасад. Намедонем чӣ хоҳад шуд.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *