Трамп: ИМА метавонад дар Эрон бимонад ва мисли созиш бо Венесуэла нафтро дар ихтиёр бигирад

Ба гузориши «Ройтерс», Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, рӯзи якшанбе гуфт, ки ИМА метавонад дар Эрон бимонад ва «нафтро дар ихтиёр бигирад». Ӯ ин эҳтимолро ба талошҳои ИМА барои ба даст гирифтани назорати як панҷуми захираҳои бузурги нафти Венесуэла монанд кард.Трамп, ки барои баргузории мулоқотҳо ва тамошои мусобиқаи голф ба Ирландия сафар кардааст, бори дигар …

Ба гузориши «Ройтерс», Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, рӯзи якшанбе гуфт, ки ИМА метавонад дар Эрон бимонад ва «нафтро дар ихтиёр бигирад». Ӯ ин эҳтимолро ба талошҳои ИМА барои ба даст гирифтани назорати як панҷуми захираҳои бузурги нафти Венесуэла монанд кард.

Трамп, ки барои баргузории мулоқотҳо ва тамошои мусобиқаи голф ба Ирландия сафар кардааст, бори дигар таъкид кард, ки ҳанӯз ҳам интизор дорад ҷанги Эрон имсол ба поён расад ва ин эҳтимол дорад чанде пас аз интихоботи миёнамӯҳлати Иёлоти Муттаҳида дар моҳи ноябр сурат бигирад.

Трамп ҳангоми суханронӣ дар мусобиқаи голфи «Irish Open» гуфт, ки пас аз поёни ҷанги Эрон қимати бензин «мисли санг якбора поин хоҳад рафт».

Бӯҳрон дар Ховари Миёна бозорҳои нафтро ноором кардааст ва тоҷирони нафт интизоранд, ки пас аз ҳамла ба як лӯлаи нафти Арабистони Саудӣ, қимати нафт рӯзи душанбе дубора боло равад.

Трамп гуфт, ки ӯ танҳо «созиши дуруст»-ро қабул хоҳад кард ва ба созише, ки «хуб нест», тан намедиҳад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Эрон пайваста барои музокироти сулҳ тамос мегирад — иддаое, ки Теҳрон дар гузашта онро рад кардааст.

Аммо президенти ИМА ҳамзамон як варианти дигарро низ матраҳ кард: идомаи ҳузур ва ҳамкорӣ бо Эрон. Ӯ ин ҳолатро ба созиши ИМА бо Венесуэла, ки моҳи август эълон шуда буд, монанд кард.

Трамп гуфт: «Дар ниҳоят мо аз Эрон хориҷ хоҳем шуд, магар ин ки тасмим бигирем, ки бимонем ва мисли Венесуэла нафтро дар ихтиёр бигирем.»

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки даромади ИМА аз Венесуэла «хароҷоти ҷангро чандин бор пурра пардохт кардааст».

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *