New Arab: Эҳтимоли ҷанги муҷаддад бо Эрон 50 дарсад аст

Ба гузориши New Arab, мақомоти исроилӣ ба расонаи Ynet гуфтаанд, эҳтимоли аз саргирии ҷанг бо Эрон акнун 50-50 аст ва тасмими ниҳоӣ ба Дунолд Тромп бастагӣ дорад.Тромп дар рӯзҳои ахир зимни афзоиши таҳдидҳо алайҳи Теҳрон гуфта: “Достон ҳанӯз тамом нашуда” ва бархе манобеъ мӯътақиданд бунбасти музокирот метавонад ӯро ба самти судури муҷаввизи ҳамла биронад.Бо ин …

Ба гузориши New Arab, мақомоти исроилӣ ба расонаи Ynet гуфтаанд, эҳтимоли аз саргирии ҷанг бо Эрон акнун 50-50 аст ва тасмими ниҳоӣ ба Дунолд Тромп бастагӣ дорад.

Тромп дар рӯзҳои ахир зимни афзоиши таҳдидҳо алайҳи Теҳрон гуфта: “Достон ҳанӯз тамом нашуда” ва бархе манобеъ мӯътақиданд бунбасти музокирот метавонад ӯро ба самти судури муҷаввизи ҳамла биронад.

Бо ин ҳол, гуфта мешавад Кохи сафед феълан ба дунболи “гузинаи ҳадди аксарӣ” ё тағйири ҳукумат дар Эрон нест ва бештар гузинаи ҳамалоти маҳдуд ба зерсохтҳои энержӣ, тангаи Ҳурмуз ва таъсисоти ҳассосро баррасӣ мекунад.

Бар асоси ин гузориш, нигаронии ҷумҳурихоҳон аз паёмадҳои иқтисодии ҷанги тӯлонӣ ва таъсири он бар интихоботи миёндавраии Омрико низ аз авомили муҳим дар муҳосиботи Вошингтун унвон шудааст.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *