New York Times: Исроил бо ҳадаф қарор додани муҳофизони мақомоти эронӣ, дар садади терури раҳбарони Эрон буд, аммо нокм шуд

Ба гузориши рӯзномаи омрикоии New York Times, Исроил бо радёбии телефонҳои ҳамроҳи муҳофизони амниятӣ, тавонист ҳаракоти шахсиятҳои калидии Эронро расад карда ва дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи имсол онҳоро терур кунад.Ба навиштаи ин рӯзнома, ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амнияти миллии Эрон бо ҳак кардани телефонҳои муҳофизоне, ки масъулини Эронро ба маҳалли ҷаласа ҳамроҳӣ карда ва берун мунтазир …

Ба гузориши рӯзномаи омрикоии New York Times, Исроил бо радёбии телефонҳои ҳамроҳи муҳофизони амниятӣ, тавонист ҳаракоти шахсиятҳои калидии Эронро расад карда ва дар ҷараёни ҷанги 12-рӯзаи имсол онҳоро терур кунад.

Ба навиштаи ин рӯзнома, ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амнияти миллии Эрон бо ҳак кардани телефонҳои муҳофизоне, ки масъулини Эронро ба маҳалли ҷаласа ҳамроҳӣ карда ва берун мунтазир монда буданд, ошкор шуд.

Тибқи ин гузориш, истифодаи бемулоҳизаи муҳофизони амниятии Эрон аз телефонҳои ҳамроҳ тайи солҳо, аз ҷумла интишори ёддошт дар шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши калидӣ дар имкони радёбии донишмандони атомӣ ва фармондеҳони низомии Эрон ифо кард.

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *