Tag: Меҳвари Муқовимат

HomeМеҳвари Муқовимат

Яке аз фармондеҳони низомии Яман дар шабакаи 3-и симои Ҷ.И.Эрон эълом кард, ки ҳамлаи ахир ба киштии исроилӣ танҳо гоми нахуст дар масири интиқом аз терури нахуствазири Яман будааст. Ӯ таъкид кард, ки “хун бо хун посух дода мешавад” ва ваъда дод, ки Исроил бо “интиқоми бузург” мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с), бино бар ривояти аҳли суннат, 12 рабиъулаввал (яъне фардо) таваллуд ёфта, аммо бино бар бештари ривоёти шиъа (ба ҷуз яке дуто), дар 17 рабиъулаввал зода шуда. Пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, Имом Хумайнӣ (р) аз 12 то 17 рабиъро ба унвони ҳафтаи ваҳдат эълон кард; ваҳдати пайравони мазоҳиби гуногуни исломӣ.Ҳафтаи ваҳдат …

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идомаи пуштибониҳои ин кишвар аз мардуми Ғазза ва дар чорчӯби вокуниши аввалия ба таҷовузоти Исроил ба Санъо, эълом кард, ки аҳдофе ҳаётӣ ва муҳим дар шаҳрҳои Қудс ва Ҳайфои ишғолӣ бо мушак ва паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифтааст.Ба гузориши Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, эълом кард, ки …

“Ба муносибати милоди шарифи раҳбари азизамон, ҳазрати Паёмбари Акрам (с), ба пешгоҳи эшон арз мекунем: мо, ямониҳо эй Расули Худо, аҳли имон ва ҳикматем; касоне, ки дирӯз ёриатон кардем ва имрӯз ва фардо низ ёриатон мекунем!Мо, бар аҳди худ бо шумо побарҷо ва вафодорем, нигаҳдор ва пойбанди онем!Раҳрави роҳи шумо, ҳаракаткунанда дар он ва муттаҳид …

Бо вуҷуди ҳазорон сахтӣ ва душворӣ, бо кӯмаки ҷавонони салаҳшӯри тоҷик, дар Ғазза марокизи тавзеъи оби ошомиданӣ роҳандозӣ шуд ва садҳо хонаводаи фаластинӣ ба оби софи ошомиданӣ таъмин гардиданд. Дӯстон барои ин ҷавонони мӯъмин ва салаҳшӯр дуо кунанд!Лозим ба ёдоварист, азизоне, ки ҳозир ба якчунин кӯмакҳое бошанд, банда дар хидматам, дар паёмакам бинависанд.

Гузорише дар Андешкадаи Вошингтун (The Washington institute) дар бораи бартарии Эрон дар набарди иттилоотӣ бо Исроил* * *Дар гузорише, ки андешкадаи омрикоии “Вошингтун барои сиёсати Ховари Наздик” мунташир кардааст, ба афзоиши талошҳои Эрон дар ҷазби ҷосусони исроилӣ ишора шудааст. Ин гузориш нишон медиҳад, ки чӣ гуна Эрон ба таври фазояндае дар ин набарди иттилоотӣ ба …