Ба гузориши рӯзномаи омрикоии Washington Post, ҳамкорӣ миёни Теҳрон ва Маскав барои тавлиди паҳподҳои тарроҳишуда тавассути Эрон дар хоки Русия, на танҳо равобити низомӣ миёни ин ду кишварро таъмиқ бахшида, балки санъати паҳподии ин кишварро, ки дар ҷанг бо Укройн ба сар мебарад, ба таври чашмгире тақвият кардааст.
Бар пояи ин гузориш, дар ду соле, ки аз тавофуқи Маскав бо Теҳрон барои табодули фанноварӣ ва роҳандозии хатти тавлиди ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (паҳпод) дар минтақаи Тотористони Русия мегузарад, Маскав тавониста зарфияти худро барои тавлиди дохилии паҳпод ба таври густарда афзоиш диҳад ва бо истифода аз он, рӯзона садҳо паҳподро ба самти шаҳрҳои Укройн равона кунад.
Ин рӯзнома навишт, ҳамкорӣ байни Эрон ва Русия ба эҷоди шабакае пинҳонӣ барои пардохтҳо анҷомидааст, ки шомили интиқоли тилло ва баҳрагирӣ аз кишварҳои восита барои давр задани таҳримҳои ғарбӣ мешавад; масъалае, ки талошҳои Вошингтун ва муттаҳидонаш барои эъмоли назоратҳои содиротиро печидатар кардааст.
Washington Post навиштааст, ки дар минтақаи вежаи иқтисодии Алабуга дар Тотористон, талошҳои густардае барои сохти 6000 паҳпод то тобистони 2025 дар ҷараён аст. Ҳадафи ин тавофуқ, ҷуброни камбуди таслеҳоти дурбурди Русия пас аз масрафи густардаи мушакҳо ва тақвияти ҷойгоҳи Маскав дар рақобати таслеҳотии паҳподӣ аст, ки ба таври фазояндае ба яке аз шохисаҳои таъйинкунандаи ҷанг дар Укройн табдил шудааст.
Ин тавофуқ ба Русия иҷоза дод, то паҳподи “Шоҳид-136”-и Эронро бисозад; паҳподе, ки садҳо км парвоз мекунад ва бо 53 килограмм маводди мунфаҷира ба ҳадаф бархӯрд мекунад. Русия ин паҳподро бо ном “Грен-2” бозномгузорӣ кардааст.
Гузориш меафзояд: паҳподҳои русӣ акнун сареътар ва дар иртифоъоти болотаре парвоз мекунанд, ки аз дастраси падофанди ҳавоии Укройн хориҷ аст. Ҳамчунин ин паҳподҳо борҳои сангинтаре ҳамл мекунанд.
Ин гузориш ҳамчунин ба низоми печидаи пардохтҳо дар ин қарордоди чандсад миллион долларӣ пардохтааст. Илова бар интиқолоти бонкии маъмул — ки тибқи аснод аз тариқи як бонк дар Аморот анҷом шудааст — Русия ҳамчунин шимшҳои тиллоро ба унвони бахше аз ин муомилот таҳвил додааст.
Бар асоси ин гузориш, Русия ва Эрон аз созукори “ширкатҳои минтақаи озод” дар Аморот баҳра бурдаанд; ҳавзаҳои вежае, ки моликияти комили хориҷӣ, муофияти молиётӣ ва суҳулат дар ҷобаҷоии дороиҳоро фароҳам мекунанд ва аз ин тариқ ба зерсохтҳои молие даст ёфтаанд, ки дар ҳолати одлӣ барояшон дар дастрас набуд.
Як бахш аз қарордод миёни Алабуга ва “Саҳрои Тундар” низ ба таҳвили шимшҳои тилло ба арзиши ҳудуди 104 миллион доллар ишора кардааст.
Ин гузориш мегӯяд: бо истифода аз тидло, тарафайн аз доллари Омрико худдорӣ карданд.
Дар поёни гузориш омадааст, ки ҳамкории паҳподии Эрон ва Русия, маҳдудияти асарбахшии таҳримҳои ҷаҳониро нишон медиҳад, зеро ниҳодҳо созгор мешаванд ва ниҳодҳои ҷадиде ҷойи онҳоро мегиранд.