Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Ҳадафи душман заъиф кардани кишвар ва баҳам задани иттиҳоди мӯъҷизаофарини миллат дар ҷанги 12 рӯза аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидор бо хонаводаи шуҳадои ҷанги 12 рӯза ба муносибати милоди босаодати ҳазрати Алӣ (а), ҳадафи душман дар “ҷанги нарм”-ро беангеза ва ноумед кардани мардум ва эҷоди тардид дар миллат баршумурд ва гуфт: “Ҳамчунон ки дар давраи амирулмӯъминин (Алӣ (а)) бо шойеъасозӣ ва дурӯғ дар пайи бадбин кардани …

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (шанбе) дар дидор бо хонаводаи шуҳадои ҷанги 12 рӯза ба муносибати милоди босаодати ҳазрати Алӣ (а), ҳадафи душман дар “ҷанги нарм”-ро беангеза ва ноумед кардани мардум ва эҷоди тардид дар миллат баршумурд ва гуфт: “Ҳамчунон ки дар давраи амирулмӯъминин (Алӣ (а)) бо шойеъасозӣ ва дурӯғ дар пайи бадбин кардани мардум буданд, имрӯз ҳам ҳамон иқдомот айнан анҷом мешавад; албата миллати Эрон нишон додааст, ки дар майдонҳои сахт ва ҳар ҷо, ки ниёзманди ҳузур ва кӯмаки ӯст, муҳкам истода ва душманро маъюс мекунад.”

Вай ангезаи қавии миллати Эронро омили нигаронии бадхоҳон донист ва афзуд: “Яке аз абзорҳои душман ва баъзе афроди нобоб ё ғофил дар корзори ҷанги нарм, инкори доштаҳо ва тавоноиҳои миллати Эрон аст, чаро ки ғафлат аз тавоноиҳои миллӣ, заминасози таҳқир ва таслим дар баробари душман хоҳад шуд.”

Вай, ирсоли се моҳвора ба фазо дар як рӯз ва пешрафтҳои хиракунанда дар бахшҳои мухталифи илмии кишвар аз ҷумла ҳавофазо, зисти фанноварӣ, пизишкӣ, дармон, нано ва санойеъи дифоъӣ ва мушакиро намунаҳое аз корҳои бузурги миллат ва ҷавонони нухба ва коромади Эрон хонд ва гуфт: “Душман ва мутаъасифона бархе дар дохил, ин пешрафтҳои бузургро, ки дар шароити таҳрим рақам хӯрдааст пинҳон мекунанд ва ба гӯши мардум намерасонанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Омиле, ки мӯҷиб шуд душман дархости таваққуфи ҷанг кунад ва пас аз он низ пайғом бидиҳад, ки намехоҳем бо шумо ҷанг кунем, қудрат ва тавоноии миллати Эрон аст; албатта мо ба ҳарфи душмани хабис, фиребкор ва дурӯғгӯ эътимоде надорем.”

Вай, бо ишора ба миёнгини суннии 26-солаи донишмандони дахил дар партоби се моҳвораи ахир, онро намунае аз сарвати азими нерӯи инсонии миллати Эрон баршумурд ва гуфт: “Он вақт он ёвагӯйи омрикоӣ вақте роҷеъ ба миллати Эрон ҳарф мезанад; қадре бадгӯӣ мекунад ва қадре фиреб ва ваъда медиҳад. Аммо хушбахтона имрӯз миллати Эрон ва балки ҳамаи дунё, Омрикоро шинохтаанд ва ташти расвоии он дар ҷаҳон фурӯ афтодааст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, шинохти воқеии душманро дастоварде бузург донист ва афзуд: “Мардум дар ҷанги 12 рӯза худашон воқеияти Омрикоро диданд. Ҳатто касоне, ки роҳи ҳалли мушкилоти кишварро музокира бо ӯ медонистанд, фаҳмиданд, ки васати музокира, давлати Омрико машғули омода кардани нақшаи ҷанг будааст.”

Вай, муроқибат дар баробари ҷанги нарм ва шубҳасозӣ ва шойеъасозии душманро зарурӣ хонд ва бо ишора ба миллиардҳо доллар ҳазина барои интишори изҳороти дурӯғ дар дохили Эрон аз тариқи шабакаҳои телевизиюнӣ ва марокизи иттилоърасонӣ гуфт: “Ҳадафи онҳо заъиф кардани кишвар ва баҳам задани иттиҳоди мӯъҷизаофарини миллат дар ҷанги 12 рӯза аст. Бинобар ин муҳимтарин масаъла, тавваҷӯҳ ба душмании душман ва иттиҳод ва иттифоқи дарунӣ ва ба таъбири Қуръон –

اَشِدّاءُ عَلَی الکُفّارِ رُحَماءُ بَینَهُم

– аст.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ДАР ИДОМА БИХОНЕД...

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *