Фаврӣ // CNN: Боз ҳам як ҳавопаймои ҷангии F-18 омрикоӣ дар баҳри Сурх “нопадид” шуд

Шабакаи CNN бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) ба нақл аз манобеъи огоҳ, аз нопадид шудани як фарванд ҳавопаймои ҷангии дигари омрикоӣ пас аз ҳамлаи яманиҳо ба як нови ҳавопаймобари омрикоӣ хабар дод.Ба гузориши ин шабака, манобеъи мазкур ба CNN гуфтанд, як фарванд ҳавопаймои ҷангии F-18-и ҷадиди омрикоӣ пас аз ҳамлаи яманиҳо ба як нови ҳавопаймобари омрикоӣ, “нопадид” …

Шабакаи CNN бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) ба нақл аз манобеъи огоҳ, аз нопадид шудани як фарванд ҳавопаймои ҷангии дигари омрикоӣ пас аз ҳамлаи яманиҳо ба як нови ҳавопаймобари омрикоӣ хабар дод.

Ба гузориши ин шабака, манобеъи мазкур ба CNN гуфтанд, як фарванд ҳавопаймои ҷангии F-18-и ҷадиди омрикоӣ пас аз ҳамлаи яманиҳо ба як нови ҳавопаймобари омрикоӣ, “нопадид” шуд.

Тибқи ин гузориш, ин ҳавопаймои ҷангии F-18 Super Hornet ҷузъи ҳавопаймоҳои нови ҳавопаймобари Truman буд, ки дар баҳри Сурх нопадид шудааст.

CNN гузориш дод: “Ин дуввумин ҳавопаймои аз даст рафтаи нови ҳавопаймобари Truman дар баҳри Сурх дар арзи як ҳафта аст.”

Ин манобеъ ҳамчунин афзуданд: “Ин ҳавопаймо ба баҳр суқут карда ва ҳанӯз пайдо нашудааст. Як фарванд болгард, ду халабони ин ҷангандаро, ки ҷароҳоти ҷузъӣ бардошта буданд, наҷот дод.”

Mehvartj_admin

Mehvartj_admin

ИЗҲОРИ НАЗАР

.

Your email address will not be published. Required fields are marked *