Дар ин баёния омадааст: “Яман, дар мувоҷеҳа бо тадовуми ин қатли оммҳои ваҳшатнок ва ваҳшиёна, ки дар таърихи муосири мо бесобиқа аст, худро дар баробари масъулияти динӣ, ахлоқӣ ва инсонӣ дар қиболи мазлумоне мебинад, ки рӯзона ва шабонарӯзӣ дар маърази куштор ва вайронӣ аз тариқи бомбборони ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ ва гуруснагӣ ва ташнагии ношӣ аз муҳосираи шадид ва хафақоновар дар Ғаззаи муқовим ва сарбаланд қарор доранд. Ин барои ҳеч инсоне, чӣ расад ба аъроб ва мусалмонон, қобили қабул нест.”
Бар асоси ин баёния, нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом карданд, ки “бо таваккул ва эътимод ба Худованди Мутаол тасмим гирифтаанд, амалиёти пуштибонии низомии худро ташдид карда ва иҷрои марҳилаи чаҳоруми муҳосираи дарёӣ алайҳи душманро оғоз кунанд.”
Дар ин баёния тасреҳ шудааст, ки “ин марҳила шомили ҳадаф қарор додани тамоми киштиҳои мутааллиқ ба ҳар ширкате аст, ки бо банодири “исроилӣ” сару кор дорад, сарфи назар аз миллияти он ширкат ва дар ҳар маконе, ки дар дастраси нерӯҳои мусаллаҳи Яман бошад.”
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳамчунин билофосила пас аз судури баёния, ба ҳамаи ширкатҳо ҳушдори мустақим мабнӣ бар таваққуфи муомилоти худ бо банодири Исроил содир карданд.
Онҳо ҳушдор доданд, ки киштиҳое, ки ин ҳушдорро нақз кунанд, “сарфи назар аз мақсадашон ва ҳар ҷойе, ки мушакҳо ва паҳподҳои яманӣ битавонанд ба онҳо бирасанд”, ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.
Ин баёния аз ҳамаи кишварҳо хост, то душмани исроилиро барои таваққуфи таҷовуз ва лағви муҳосираи навори Ғазза таҳти фишор қарор диҳанд ва таъкид кард, ки “ҳеч инсони озодае дар ин дунё наметавонад он чиро иттифоқ меафтад, бипазирад.”
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман баёнияи худро бо таъкид бар ин ки иқдомоти онҳо “баёнгари тааҳҳуди ахлоқӣ ва инсонии онҳо ба беадолатии мардуми бародари Фаластин” аст, ба поён расонданд ва гуфтанд: “Тамоми амалиёти низомӣ билофосила пас аз таваққуфи таҷовуз ба Ғазза ва лағви муҳосира мутаваққиф хоҳад шуд.”