Шабакаи Алмаёдин бомдоди панҷшанбе ба нақл аз як мақоми эронӣ гузориш дод, ки ҳадафи Вошингтун фишор бар Эрон барои додан имтиёз дар музокирот ва пазириши пешниҳоди он аст.
Як мақоми эронӣ бомдоди панҷшанбе вуҷуди ҳар гуна таниши низомӣ байни Вошингтун ва Теҳронро такзиб кард.
Шабакаи Алмаёдин ба нақл аз ин манбаъ гузориш дод: “Вошингтун, таҳти таъсири лоббии Исроил, дар талош аст, то дар пойгоҳҳои низомӣ ва маъмуриятҳои диплумотики худ ҳолати омодабош нишон диҳад.”
Ин мақоми эронӣ ба Алмаёдин гуфт: “Ҳадафи Вошингтун фишор бар Эрон барои додани имтиёз дар музокироти ҳастаӣ ва пазириши пешниҳоди Омрико аст.”
Дар идомаи ин гузориш омадааст: “Ҳеч нишонаи воқеӣ мабнӣ бар ин ки минтақа ба самти ташдиди низомӣ байни Эрон ва Омрико пеш меравад, вуҷуд надорад.”
Алмаёдин ба нақл аз ин манбаъ гузориш дод: “Исроил ба дунболи кашондани Омрико ба як даргирии низомӣ бо Эрон аст, аммо ин амр дар ҳоли ҳозир баъид аст.”
Вай ҳамчунин афзуд: “Ҳар гуна иқдоми низомии Исроил алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон, бо вокуниши бесобиқае аз сӯқи Теҳрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.”
Al-mayadeen